01:21 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Ҷудо, акс аз бойгонӣ

Чанд хол намерасад? Паҳлавонҳои тоҷик дар раддабандии нави олимпӣ

© Sputnik / Владимир Астапкович
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
179 0 0

Федератсияи байналмилалии ҷудо – “IJF” пас аз натиҷагирии Чемпионати ҷаҳон, ки аз 25 август то 1 сентябр дар шаҳри Токиои давлати Ҷопон баргузор шуд, раддабандии нави олимпиро нашр кард

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи ҷудо, тими кишвар дар ҳайати 8 варзишгар ширкат кард.

Манбаъ зикр кард, ки ҷудочиёни Тоҷикистон аз медали чемпионат маҳрум монданд, аммо ду паҳлаавони кишвар дар вазни то 73 кило – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков натиҷаи хуб нишон дода, ҷои панҷумро ишғол намуданду сазовори 720-холӣ гардиданд.

Дар пайи ҳунарнамоии хуб дар чемпионат мавқеи Беҳрӯз Хоҷазода дар раддабандии олимпӣ пеш рафта, ӯ аз ҷои 33-юм ба ҷои 15-ум баромад. Сомон Маҳмадбеков баъди чемпионат аз ҷои 37 ба ҷои 20-ум пеш рафт.

"Дар вазни +100 кило Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов то даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфта, 320-холӣ дарёфт карданд ва Темур аз ҷои 29 ба ҷои 24-ум ва Шакармамад бошад, аз ҷои 65 ба ҷои 42 баромад", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки варзишгарон тибқи талаботи низомномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 то 25 майи соли 2020 имкони ҷамъ кардани хол ва боз ҳам беҳтар кардани мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ доранд.

Ин ниҳод таъкид намуд, ки моҳи июн раддабандӣ ҷамъбаст мегардад ва 22 нафари беҳтарин дар ҳар вазн, бо дарназардошти аз ҳар КМО дар ҳар вазн як роҳхат, ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст меоранд.

Мавзӯъҳои асосӣ