15:36 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Дастин Пуаре

Шукри Худо: ҳайрат, хайр ва ҳурмати Ҳабиб Нурмуҳаммедов баъди сабқат бо Пуаре-видеоҳо

© AP / Mahmoud Khaled
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
1141 0 0

Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори шинохтаи доғистонӣ дар Абу-Дабӣ бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Нурмуҳаммедов дар пайи ҳифзи дубораи унвони қаҳрамонияш дар майдон нахуст ҳамду сано Худоро гуфт ва афзуд, ки “ростӣ намедонам, чаро ин қадар зиёд ҳама чиро дорам”.

“Мехоҳам, шукри Худо гӯям. Ташаккур ба падарам, мураббиям, бародарон, ҳар чизе даром ба шарофати инҳост”, - изҳор дошт Ҳабиб.

Ӯ гуфт, аз хайркории Дастин Пуаре огоҳ аст ва либоси Пуареро, ки дар тан дорад, хоҳад фурӯхту маблағашро барои корҳои хайриявӣ ба Дастин хоҳад гузаронд.

Нурмуҳаммедов дар идома аз “девонагӣ”-ҳои сабқати қаблияш бо Конор Макгрегор зикр карда, таъкид намуд, ки бо Пуаре қабл аз қувваозмоӣ низ эҳтироми тарафайн доштанд.

Размикори доғистонӣ илова намуд, ки имрӯз бо Дастин Пуаре ва тими бузургаш нишон доданд, ки ҳунарҳои размии омехта чист. Ба гуфтаи ӯ дар ин бахш ҳурмату эҳтиром рақами аввал мебошад.

UFC инчунин навори лаҳзаҳои асосии сабқатҳои UFC 242, ки шоми 7 сентябр дар Абу-Дабӣ баргузор шуданд, нашр кардааст.

Дар пайи сабқат Нурмуҳаммедов ба мухлисонаш аз Русия, кишварҳои ИДМ ва нуқтаҳои дигари ҷаҳон барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ кард.

Мавзӯъҳои асосӣ