22:49 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Хабиб Нурмагомедов, архивное фото

Ҳабиб рекорди нав гузошт: шумораи ҳамвандонаш ба 16,4 миллион нафар баробар шуд

© AFP 2019 / Isaac Brekken
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
403 0 0

Ҳабиб Нурмуҳаммедов пас аз пирӯзии охираш бар варзишкори амрикоӣ Дастин Пуаре миёни тамоми размикорони рус рекорди нав гузоштааст

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммедов дар миёни корбарони Instagram, маҳбубтарин фарди рус дониста шуд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Силой не берут, берут убеждённостью.

Публикация от Khabib Nurmagomedov (@khabib_nurmagomedov)

Шумораи алоқамандон ва мухлисони Нурмуҳаммедов дар муқоиса бо ҳаводорони овозхон ва барандаи яке аз шабакаҳои телевизионии Русия - Олга Бузова бештар шудаст.

Қаблан Олга Бузова дар шабакаи Instagram аз лиҳози теъдоди зиёди ҳаводоронаш пешгом буда, шумораи умумии ҳамвандони ӯ ба 16 миллиону 300 ҳазор нафар баробар буд.

Акнун Ҳабиб бо 16 миллиону 400 ҳазор обуначӣ аз Бузова пеш гузашта, маҳбубтарин фарди рус дар ин шабакаи иҷтимоӣ дониста шуд.

Рушди қавии ҳамвандони  Нурмуҳаммедов пас аз ғалабаи охиринаш, бар варзишкори амрикоӣ  Дастин Пуаре  мушоҳида шуд.

Размикори доғистонӣ рақибашро дар даври сеюм аз усули буғикунӣ мағлуб намуд. 

Барчаспҳо:
рекорд, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Мавзӯъҳои асосӣ