Президенти UFC рақиби навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадовро эълон кард

© REUTERS \ CHRISTOPHER PIKEХабиб НУрмагомедов после боя
Хабиб НУрмагомедов после боя - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯ аз рақибони қадимии Ҳабиб мебошад. Онҳо аллакай чор маротиба кӯшиши вохӯрӣ дар октагонро доштанд, вале рақобаташон бо сабабҳои гуногун баргузор нашуд

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт исми рақиби навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ном бурд.

Ба гуфти ӯ рақиби навбатии Ҳабиб бояд Тони Фергюсон шавад.

"Ӯ рақиби навбатии Ҳабиб аст. Албатта агар Тони розӣ шавад. Мебинем кай Ҳабиб омода мешавад",- изҳор дошт Уайт пас аз рақобати UFC 242.

Хабиб Нурмагомедов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабиб рекорди нав гузошт: шумораи ҳамвандонаш ба 16,4 миллион нафар баробар шуд

То рақобати Ҳабиб ва Дастин дар Абу-Дабӣ, президенти UFC борҳо гуфта буд, ки Тони Фергюсон бо ғолиби ин рақобат ба майдон хоҳад баромад.

Шукри Худо: ҳайрат, хайр ва ҳурмати Ҳабиб Нурмуҳаммедов баъди сабқат бо Пуаре-видеоҳо

Тони Фергюсон аз рақибони қадимии Ҳабиб мебошад. Онҳо аллакай чор маротиба кӯшиши рақобат дар октагонро доштанд, вале вохӯриашон бо сабабҳои гуногун баргузор нашуд. Бори охир рақобати миёни Тони ва Ҳабиб ба далели захми варзишкори амрикоӣ, баргузор нашуд.

Шаби рақобати Ҳабиб дар Душанбе чӣ гузашт? - видео

Фергюсон 12 бор пайи ҳам пирӯз шудааст. Ин варзишкори амрикоӣ ҳамагӣ 25 бор ба октагон баромада ва танҳо се маротиба мағлуб шудааст.

Рамазон Қодиров барои табрики Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба Абу-Дабӣ рафт

Ёдрас мешавем, ки Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори шинохтаи доғистонӣ дар Абу-Дабӣ бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод.

Лентаи хабарҳо
0