Муборак: футболбозони Тоҷикистон тими Муғулистонро бо ҳисоби 1- 0 мағлуб карданд

© ФФТНациональная сборная Таджикистана провела второй товарищеский матч против сборной Омана
Национальная сборная Таджикистана провела второй товарищеский матч против сборной Омана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозии интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон - 2022 миёни дастаҳои Тоҷикистону Муғулистон бо пирӯзии футболбозони тоҷик анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik.  Имрӯз  дастаи  футболи  мунтахаби  Тоҷикистон  дар  даври дуюми   марҳилаи  гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" дар меҳмонӣ бо  дастаи  мунтахаби Муғулистон бозӣ анҷом дода, бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омад. хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Победный гол Алишера Джалилова в ворота сборной Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон
Навори голзании Ҷалилов, ки тими Қирғизистонро шикаст дод - видео

Ин дидор дар шаҳри  Улан Батор сурат гирифта варзишгарони Тоҷикистон бо либоси сурх бозӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки ин дидори нахустини бозигарони тоҷик ва муғул мебошад.

Мунтахаби Тоҷикистон феълан садрнишини ҷадвали Ҷоми ҷаҳон-2022 мебошад

Маврид ба зикр аст, ки дар нахустин бозии гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон -2022 дар гурӯҳи "F" тими Тоҷикистон бо футболбозони Қирғизистон вориди майдон шуданд. Дар бозии мазкур футболбозони тоҷик бо  ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд ва ягона  голи дастаро  Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 41-ум ба самар расонид.

Набояд ин хел бозӣ кард: интиқоди тунди сармурабии мунтахаби Қирғизистон аз тимаш

Қаблан Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфта буд, пас аз сипарӣ шудани даври аввал дар гурӯҳи F мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад. 

Лентаи хабарҳо
0