02:53 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Скачки в Душанбе

Шаҳрдорӣ дар Душанбе пойгаҳи аспдавониро бо харҷи беш аз 5 ҳазор доллар баргузор мекунад

© Sputnik Амир Исаев
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

Бахшида ба 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе,  рӯзи 14 - уми сентябри соли равон, соати 15:00, дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" мусобиқаи кушоди варзишии аспдавонӣ баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур бахшида ба 28 - умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир мегардад.

Ҳама ба мусобиқаи аспдавонӣ: дар Рӯзи пойтахт пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Ташаббускорони мусобиқаи кушоди аспдавонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи "Пойга ва бузкашӣ", Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Манбаъ меафзояд, ҳадаф аз баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиб, рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ  гуфта мешавад.

Куштии миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ: мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе

Маврид ба зикр аст, ки барои баргузор намудани мусобиқаи мазкур аз буҷаи кишвар 5,3 ҳазор доллар ихтисос дода хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ дар Рӯзи пойтахт дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ"- и Душанбе мусобиқаи кушоди аспдавонӣ баргузор гардид, ки дар рафти он варзишгарон бо беш аз 80 аспи зоти хуби тоҷикиву англисӣ иштирок намуданд.

Барчаспҳо:
аспдавонӣ, мусобиқа, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ