Даст ба даст бо Шералӣ Гул ва Ашрафҷон: гузориши аксӣ аз иншооти бунёдкардаи Гуловҳо- акс

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи варзишгоҳи бунёдкардаи Гуловҳо дар Данғара
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи варзишгоҳи бунёдкардаи Гуловҳо дар Данғара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шералӣ Гул, собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ҳамроҳи писараш Ашрафҷон Гулов, мақомдори Вазорати умури хориҷии кишвар дар ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияи Данғара иштирок карданд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Майдончаҳои варзишӣ 12 сентябр дар маркази ноҳияи Данғара аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд.

Бар асоси гузориши аксии котиботи раисиҷумҳур, дар маросими ифтитоҳи иншооти варзишӣ Шералӣ Гул, собиқ вазири энергетика ва саноат ҳамроҳи писараш Ашрафҷон Гулов, собиқ консули генералии Тоҷикистон дар Русия ва сардори феълии Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати умури хориҷӣ иштирок кардаанд.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Шералӣ Гул ва Ашраф Гул,ҳангоми ифтитоҳи варзишгоҳ дар Данғара
Даст ба даст бо Шералӣ Гул ва Ашрафҷон: гузориши аксӣ аз иншооти бунёдкардаи Гуловҳо- акс - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Шералӣ Гул ва Ашраф Гул,ҳангоми ифтитоҳи варзишгоҳ дар Данғара

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки иншооти варзишӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳияи Данғара, оилаи Гуловҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва созандаи Ҳукумати кишвар бо сифати баланд бунёд шудаанд.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи варзишгоҳи бунёдкардаи Гуловҳо дар Данғара
Даст ба даст бо Шералӣ Гул ва Ашрафҷон: гузориши аксӣ аз иншооти бунёдкардаи Гуловҳо- акс - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи варзишгоҳи бунёдкардаи Гуловҳо дар Данғара

Котибот афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ карда, ба иқдоми сокинони саховатпешаи ноҳияи Данғара баҳои баланд дод.

“Ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёди наздики 300 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва танҳо оилаи Гуловҳо иқдом пеш гирифтаанд, ки 4 адад иншоот, аз қабили майдончаҳои муосири варзиширо сохта ба сокинони ноҳия тақдим намоянд”, - омадааст дар иттилоия.

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи варзишгоҳи бунёдкардаи Гуловҳо дар Данғара
Даст ба даст бо Шералӣ Гул ва Ашрафҷон: гузориши аксӣ аз иншооти бунёдкардаи Гуловҳо- акс - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи варзишгоҳи бунёдкардаи Гуловҳо дар Данғара

Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити машқу тамрин ва бозиҳои варзишӣ дар ин ҷо ба кӯдакону наврасон туҳфаҳо, аз қабили велосипед, тубҳои чармии футбол ва бозичаҳои кӯдакона тақдим намуд.

Лентаи хабарҳо
0