02:52 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Пешсафони мусобиқаи куштии миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт дар Душанбе

Дар Душанбе мусобиқаи куштии миллӣ доир мегардад

сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
85 0 0

Ба ифтихори 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ"- и пойтахт мусобиқаи куштии миллӣ доир мешавад

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Интизор меравад рӯзи 15 уми сентябр дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ" - и Душанбе мусобиқаи куштии миллӣ барузор шавад, хабар медиҳад агентии Ховар.

 Бар хабари манбаъ, мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ доир мегардад.

Куштии миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ: мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе

Манбаъ меафзояд, дар мусобиқаи куштии миллӣ наздики 10 даста "Душанбе-1", "Душанбе-2", "Хатлон-1", "Хатлон-2", "Суғд-1",  дастаҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Рашт дар ҳайати  калон аз рӯи чор вазн  байни ҳам рақобат  мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 17 сентябри соли  2016  ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба куштӣ баргузор гардида буд. Дар он паҳлавонони вилояти Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе ширкат намуда буданд.

Комроншоҳи Устопириён, дар Бохтар пирӯз шуду соҳиби шоҳҷоиза, мошини нав шуд

Дар он  мусобиқа шоҳҷоиза - се мошини сабукрав барои паҳлавонон гузошта шуда буд. Паҳлавонони шинохта- Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 65 кило, Соҳиб Ҳакимов дар вазни 80 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни беш аз 90 кило ба ҳамаи рақибонашон ғолиб омада, сазовори медалҳои тилло ва шоҳҷоиза гардида буданд. 

Барчаспҳо:
кушти, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ