09:00 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Баходур Усмонов стал чемпионом по боксу

Пирузии муштзани тоҷик Шаббос Негматуллоев ва Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳон

© Национальный олимпийский комитет Республики Таджикистан
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
250 0 0

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, муштзанони тоҷик Шаббос Негматуллоев ва Баҳодур Усмонов дар рақобати аввал пируз шуданд

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар даври аввал варзишгарони Тоҷикистон Шаббос Негматуллоев 10 сентябр бар Лиридон Нуҳа аз Шведсия ва Баҳодур Усмонов 12 сентябр бар Александ Железняк аз Украина пирӯз шуданд.

Бино бар иттилои Кумитаи олимпии Тоҷикистон, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар рақобати аввал бо варзишгари Украина Александр Железняк дар вазни то 63 кило бо ҳисоби 5 бар 0 дастболо шуд.

Дар даври 1/16 финалӣ Баҳодур Усмонов рӯзи 14-уми сентябр бо муштзани турк Туғрул Эрдмемир қувваозмоӣ мекунад. Туғрул дар даври аввал қаҳрамони Олмон оид ба бокс дар ин вазн Владислав Баришникро шикаст дод.

Муштзани дигар Шаббос Негматуллоев, рӯзи 15 сентябр бо Абдураҳмон Салоҳи мисрӣ рақобат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Кумита хабар додааст, ки ду муштзани дигари Тоҷикистон – Мирзомуҳаммад Бахтиёр аз ҳарифи амрикоияш Ҷавиа Мартинез ва Бахтовар Сагизов аз намояндаи Марокаш Муҳаммад Ҳамоут мағлуб ва аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.

Ёдрас мешавем, ки, Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо рӯзи 8 сентябр дар шаҳри Екатеринбурги Русия оғоз гардид, ки то 21 сентябр идома меёбад.

Барчаспҳо:
тоҷик, тоҷикон, чемпионати ҷаҳон, Русия, муштзан, бокс, варзиш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ