14:15 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Баҳодур Усмонов бо либоси кабуд

Усмонов рақибони турку украиниро шикаст доду бо чемпиони фаронсавӣ сабқат мекунад

© Sputnik / Александр Кряжев
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
13410

Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, чемпиони Осиё-2019 ба даври сеюми интихобии Чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс, ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ҷараён дорад, роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг дар даври дуюм бар намояндаи Туркия, Туғрул Эрдемир бо накаути техникӣ ғалаба кард.

Усмонов дар даври аввал бар варзишгари Украина, Александр Железняк дастболо шуда буд.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ҳарифи Баҳодур дар даври навбатӣ варзишгари Фаронса Софиан Оумиҳа мебошад.

Софиан Оумиҳа чемпионаи ҷаҳон дар соли 2017 ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро дар вазни 60кг буда, соли равон медали нуқраи Бозиҳои Аврупоро дар вазни -64кг ба даст овардааст. Муҳорибаи Усмонов бо Оумиҳа 17 сентябр сурат мегирад.

Бар асоси иттилои Кумита, дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон инчунин муштзан Шаббос Негматуллоев дар вазни -81 кило иштирок дорад. Шаббос дар даври аввал варзишгари Шведсия Лиридон Нуҳаро мағлуб карда буд.

Кумита зикр намудааст, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокси ҳаваскорӣ миёни мардон, ки то 21 сентябр идома меёбад, 365 варзишгар аз 78 давлат аз рӯи 8 категорияи вазнӣ - 52кг, -57кг, -63кг, -69кг, -75кг, -81кг, -91кг ва +91кг,  иштирок доранд.

Барчаспҳо:
пирӯзӣ, чемпионат, сабқат, зӯрозмоии муштзанҳо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ