01:09 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Дилшод Назаров на летних Азиатских играх 2018 в Джакарте

Дилшод Назаров дар Қаҳрамонии ҷаҳон иштирок мекунад

© AP / Lee Jin-man
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
96 0 0

Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 оид ба варзиши сабук ду варзишгар Дилшод Назаров ва Гулсунбӣ Шарифова муарифӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 оид ба варзиши сабук аз 27 уми сентябр дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Бар хабари манбаъ, дар мусобиқаи мазкур  ҳудуди 2000 варзишгари беш аз 200 давлат ширкат хоҳанд кард.
Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мегӯяд, аз ҷумҳурӣ ду варзишгар – Дилшод Назаров ва Гулсунбӣ Шарифова ба Доҳа сафарбар мегарданд.

Дилшод Назаров ба Чехия сафар мекунад

Дилшод Назаров дар гурзандозӣ, Гулсунбӣ дар дав ба масофаи 200 метр ширкат менамоянд.

Варзишгароне, ки дар қувваозмоиҳои инфиродӣ меъёрҳои муқарраркардаи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабукро (IAAF) иҷро мекунанд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд. Дар қувваозмоиҳои эстафета бошад, 8 ҷои аввали ҳар қувваозмоӣ имкони ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020-ро доранд.

Чор донишҷӯ дар Хуҷанд ҳайкали Дилшод Назаровро тарошиданд

Ёдрас менамоем, ки Тоҷикистон дар 28 соли соҳибистиқлолӣ 3 медал (2 тилло, 1 нуқра)-и Қаҳрамонии ҷаҳонии варзиши сабукро дорад, ки дар намуди гурзандозӣ ба даст омадаанд.

Медалҳои тиллоро Андрей Абдувалиев солҳои 1993 (Штутгард, Олмон), 1995 (Готенбург, Шведсия), медали нуқраро Дилшод Назаров соли 2015 (Пекин, Чин) сазовор гардидаанд.

Барчаспҳо:
Дилшод Назаров, варзиши сабук, қаҳрамонии ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ