07:15 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикор, акс аз бойгонӣ

Назан, дар замин хобону шикан: Нурмуҳаммадов гуфт, модараш ба ӯ чӣ маслиҳат медиҳад

© AP / Jon Gambrell
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
975 0 0

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шинохтаи доғистонӣ мегӯяд, ҳамарӯза бо модараш дар иртибот аст ва ӯ пайваста насиҳат мекунад, ки одамонро назан

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC дар вазни сабук нақл кард, ки чӣ гуна модараш қувваозмоиҳояшро пайгирӣ мекунаду чӣ маслиҳатҳо медиҳад.

Размикор гуфт, модом аз модараш маслиҳат мегирад, ки рақибонашро назанад, балки дар замин хобонаду дар партер онҳоро шикаст диҳад.

"Модарам пайваста мегӯяд: Писарам, кори худатро кун. Ба партер гузару зуд рақобатро анҷом деҳ. Одамонро мушткӯбӣ накун. Усулҳои буғию дардрасонро кор бар, то рақиб кӯбаду бо ин разм анҷом ёбад", - изҳор дошт Нурмуҳаммадов зимни суҳбат тариқи Шабакаи аввали телевизиони Русия. 

Ӯ афзуд, ки модараш низ чун аксари сокинони кишвар рақобатҳояшро тамошо мекунад, аммо қаблан талош мекард, ки худдорӣ намояд.

Гулӯяшро наҷафидӣ: Путин бо Ҳабиб мулоқот карду ба размаш баҳо дод

"Ҷой-ҷой тамошо мекунад. Даме медарояду гоҳе мебарояд, аз ҳуҷраи дигар мепурсад, ки рақобат дар чӣ ҳол аст? Ғам мехӯрад. Модар - модар аст", - таъкид намуд варзишкор.

Нурмуҳаммадов шаби 7 сентябр дар Абу-Дабӣ рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дода, унвони қаҳрамони UFC-ро ҳифз кард. Дар даври сеюм размикори доғистонӣ зӯрозмоиро ба замин, ё худ партер оварду бо шеваи буғикунанда ҳарифро шикаст дод.

Барчаспҳо:
қувваозмоӣ, насиҳат, модар, сабқат, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ИДМ, Русия-ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ