06:30 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Президент Азиатской футбольной Конфедерации Шейх Салман бин Ибрагим Аль-Халифа посетил с рабочим визитом Душанбе

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё ба рушди футбол дар Тоҷикистон баҳои баланд дод

© ФФТ РТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
70 0 0

Дар шаҳри Душанбе Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон Иброҳим Ал- Халифа мулоқот доир намуд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Шайх Салмон Иброҳим, феълан бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад ва бо Рустами Эмомалӣ дидору мулоқот намудааст.

Зикр мегардад, ки президенти КФҲ ба рушди футбол дар Тоҷикистон базҳои баланд дода, изҳор намудаст, ки солҳои охир Федератсияи футболи Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодааст.

Роҳбари КФО, ҳамчунин оғози бобарори тими миллии футболи Тоҷикистонро дар марҳилаи интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" қайд кард, ки бар дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуд.

"Акнун, ки қароргоҳи АФОМ дар Душанбе ҳаст, ҷиҳати рушди футбол дар минтақа масъулият бештар мешавад ва ман боварӣ дорам, ки бо роҳбарии президент Рустами Эмомалӣ АФОМ футболро дар Осиёи Марказӣ сифатан низ рушд медиҳад", - афзуд президенти КФО.

Зимнан, роҳбари КФО Шайх Салмон Иброҳим Ал-Халифа ба тими наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразил, ки қораи Осиёро намояндагӣ мекунад, муваффақият хост.

Мавзӯъҳои асосӣ