06:56 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Бозии мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Узбакистон

Пирӯзӣ муборак: мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими Непалро низ бо ҳисоби 7:0 шикаст дод

сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
19110

Ин сеюмин ғалабаи пайдарҳами мунтахаби наврасони Тоҷикистон аст, ва барои ба даст овардани роҳхати Қаҳрамонии Осиё-2020 гирифтани танҳо як имтиёз барои онҳо басанда аст

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон сеюмин ғалабаи пайдарҳами худро дар марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии Осиё ба даст оварданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ин навбат футболбозони навраси тоҷик тими Непалро бо ҳисоби 7:0 мағлуб карданд. Акнун дар даври охирин ба тими миллии Тоҷикистон якк имтиёз кифоят мекунад то ин ки роҳхати қаҳрамонии Осиё-2020-ро ба даст оваранд.

Мунтахаби наврасони тоҷик тими Шри Ланкаро бо ҳисоби бузурги 8:0 мағлуб намуд

Ёдовар мешавем, ки футболбозони тоҷик дар бозии якумашон тими миллии Шри – Ланкаро бо бартарии 8:0 мағлуб намуданд.

Дар даври дуюм  мунтахаби Тоҷикистон тими  Қувайтро низ бо ҳисоби калони 9:0 шикас дод.

Ду пирӯзӣ то қаҳрамонии “Истиқлол”: анҷоми даври 14-уми чемпионати Тоҷикистон

Ҳамин тавр мунтахаби Тоҷикистон дар се бозии охираш 24 голро таслими дарвозаи рақибон намудааст. Дар айни замон яккачини кишвар бо касби 9 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи "А" маҳсуб меёбад.

Барчаспҳо:
пирӯз, футбол, мунтахаби наврасони Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ