06:14 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Сабқати тими наврасони Тоҷикистон бо дастаи Непал

Рақибони Тоҷикистон ҶО-2020 муайян шуданд: рӯйхати 16 тим

© ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
180 0 0

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 16 тими мунтахаби кишварҳои минтақаро ном бурд, ки ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2020 роҳ ёфтанд

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 16 дастаи муваффақи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифт.  Рақобатҳо аз 16-уми сентябр то 3-юми октябри 2020 дар давлати Баҳрайн баргузор мегарданд.

Дар феҳрасти иштирокдорони марҳилаи ниҳоии ҶО – 2020 Баҳрайн, мизбони мусобиқа, Тоҷикистон - ғолиби гурӯҳи “А”, Ҳиндустон, ғолиби гурӯҳи "В", Эрон - гурӯҳи "С", Арабистони Саудӣ - гурӯҳи "D", Қатар - гурӯҳи "Е", АМА - гурӯҳи "F", Чин, ғолиби гурӯҳи "G", Австралия, ғолиби гурӯҳи "Н", Кореяи Шимолӣ, ғолиби гурӯҳи "I", Ҷопон - гурӯҳи "J", Кореяи Ҷанубӣ - гурӯҳи "K" зикр шудаанд.

Инчунин Яман, Индонезия, Узбакистон ва Уммон бо беҳтарин нишондодҳо дар зинаҳои гуногун ба феҳрасти иштирокдорони Ҷоми Осиё – 2020 роҳхат гирифтанд.

Пирӯзӣ муборак: мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими Непалро низ бо ҳисоби 7:0 шикаст дод

Ахиран мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон тими наврасони Урдунро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 5:2 шикаст дода, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2020 роҳхат гирифт.

Тими наврасони Тоҷикистон бо 12 имтиёзу 29 гол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 рекорд гузошт.

Барчаспҳо:
рақибон, Ҷоми Осиё, футбол, варзиш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ