ФФТ шаҳрвандонро барои истиқболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон даъват намудаст

© © Sputnik / Амир ИсаевАэропорт в Душанбе ночью, архивное фото
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ҳамаи мухлисон ва шаҳрвандони кишвар даъват ба амал овардаст, ки шоми имрӯз дастҷамъона ба истиқболи футболбозони наврас ба фурудгоҳи байналмилалӣ Душанбе биёянд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Имшаб мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд меоянд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозии мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзӣ муборак: мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими Непалро низ бо ҳисоби 7:0 шикаст дод

Бар хабари манбаъ, футболбозони наврас соати 02:00 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳ фуруд меоянд. Федератсияи футболи Тоҷикистон аз кулли шаҳрвандони кишвар даъват намудаст, то ба фурудгоҳи Душанбе барои истиқболи гарму самимии онҳо ташриф оранд.

Ёдовар мешавем, тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "А" бар дастаи наврасони Урдун бо ҳисоби 5:2 ғалаба карда, дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол ва ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт.

Турдиев ба пирӯзии мунтахаби наврасони тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё- 2020 бовар дорад

Дар марҳилаи интихобӣ, ки аз 14 то 22 сентябр дар Урдун баргузор шуд, шогирдони Аҳлиддин Турдиев чор бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш ғолиб омад ва 12 хол гирифт.

Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби наврасони тоҷик тими Шри Ланкаро бо ҳисоби бузурги 8:0 мағлуб намуд

Ба марҳилаи финалии Қаҳрамонии  Осиё, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли 2020 дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони 11 гурӯҳ – Тоҷикистон, Ҳиндустон, Эрон,  Арабистони Саудӣ, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Австралия, ҶХД Корея, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея ва 4 дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо – Яман, Индонезия, Узбакистон, Уммон  роҳхат гирифтанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон маротибаи чорум мешавад, ки дар финали Қаҳрамонии Осиё иштирок менамояд.

Наврасони тоҷик қаблан солҳои 2006, 2010 ва 2018 дар қисмати финалӣ бозӣ карда буданд. Беҳтарин натиҷаи футболбозони мо медали нуқраи Қаҳрамонии Осиё-2018 дар Малайзия мебошад. Соли 2006 бошад, онҳо медали биринҷӣ гирифта буданд.

Лентаи хабарҳо
0