15:20 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
284 0 0

Созмони The Athletics Integrity Unit, ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук, қарор дар бораи барканории Дилшод Назаров аз мусобиқаҳои байналмилалиро шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Созмони мустақили The Athletics Integrity Unit, ки номи гурзандози тоҷик ва барандаи бозиҳои олимпии соли 2016-ро дар феҳрасти гумонбарон дар истеъмоли допинг шомил кард, мегӯяд, Дилшод Назаров бояд ба таври ҳатмӣ муқаррароти худдорӣ аз иштирок дар мусобиқаҳоро иҷро кунад.

Дафтари матбуоти ин созмон дар шарҳи қарор навиштааст, ки "дар сурате ки варзишгар тавонад собит кунад, ки нақзи муқаррароти зиддидопингӣ бо истеъмоли маҳсулоти олуда бастагӣ мегирад, ин қарор бекор мешавад. Вале ин тасмим ба қарори муваққатан аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шудани варзишгар дар паи истеъмоли маводи олуда таъсир надорад ва бозбинӣ намешавад".

Дар ин бора “Ховар” бо такя ба Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар дода, таъкид намудааст, ки ба ин ниҳодҳо расман то ҳол ягон ҳуҷҷат нарасидааст.

Муҳаммадшо Абдуллозода, раиси Созмони миллии зиддидопингии Тоҷикистон, дар шарҳи қазия изҳор доштааст, ки Дилшод Назаров пас аз ширкат дар Олимпиадаи соли 2016 аз ташхиси допинг гузашт ва “покиза” баромад.

Чор донишҷӯ дар Хуҷанд ҳайкали Дилшод Назаровро тарошиданд

"Рӯзи 19 августи соли 2016 намояндагони Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) пешоби Дилшод Назаровро ташхис карданд. Бар асоси қоидаҳои WADA агар ташхис нишон медод, ки варзишгар маводи мамнӯъ истеъмол кардааст, ба ӯ дар муддати даҳ рӯз хабар медоданд ва ӯ муҷозот мешуд", - изҳор дошт Абдуллозода.

Абдуллозода таъкид намудааст, ки дар ин муддат касе аз WADA ба Дилшод Назаров ва созмонҳои варзишии марбута занг назадааст ва ё номаи расмӣ нафиристодааст.

“Ин маънои онро дорад, ки Дилшод Назаров аз ташхиси допинг бо сарбаландӣ гузаштааст ва мо бовар надорем, ки ӯ аз маводи барои варзишгарон мамнуъ истифода карда бошад”, - хулоса кард раиси Созмони миллии зиддидопингӣ.

The Athletics Integrity Unit ахиран эълон кард, ки тафтиши дубораи допинг дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон дар соли 2011 дар Кореяи Ҷанубӣ дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринаболро ошкор кард ва ба ин далел ӯ муваққатан аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барканор мешавад.

Таъиноту медалҳо: аз мақомгирии Шамсулло Соҳибов, Мавзуна Чориева ва Назаров то 59 медал

Худи Дилшод Назаров дар вокуниш гуфт, аз ин иддао дар ҳолати шок қарор дораду омодааст, барои ҳимояти ҳуқуқҳояш то ба додгоҳ муроҷиат кунад.

Барчаспҳо:
Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ, допинг, Дилшод Назаров, Кумитаи миллии олимпии ҶТ, варзиш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ