Дар Тошканд даври 4 - уми Бозиҳои осиёии наврасон баргузор мешавад

CC BY-SA 3.0 / Wikipedia / Dilshod Akbarov / Город Ташкент, архивное фото
Город Ташкент, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
рои олимпии Осиё тасмим гирифтаст, даври 4 - уми Бозиҳои осиёии наврасонро дар шаҳри тошканди Узбакистон доир кунанд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ба иттилои кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, даври 4 - уми мусобиқаи Бозиҳои осиёии наврасон дар шаҳри тошканд баргузор мешавад.

Пешсафони мусобиқаи куштии миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Гран Прии Тошканд 12 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд

Бар хабари манбаъ, қарор дар ин бора дар 73-юм ҷаласаи кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё, рӯзи 28 сентябр дар Доҳаи Қатар қабул шуд.
Ноиби ифтихории президенти ШОО Вэй Ҷижонг зимни муаррифии шаҳр иброз дошт, ки ишооти варзишӣ ва инфтрасохтори зарурӣ дар Тошканд мавҷуд аст, аз ин рӯ зарурати сохтани иншооти нав нест.

"Мо давоми ду рӯз дар Тошканд 21 маконро дидан кардем, аз ҷумла иншооти варзиширо. Ба хулосае омадем, ки Тошканд бо шароите ки дорад, омода аст, Бозиҳои осиёии наврасонро қабул кунад", - изҳор намудаст Ҷижонг.

Президенти ШОО Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ пешниҳод кард, ки мизбонии 4-ум Бозиҳои осиёии наврасон дар соли 2025 ба Тошканд дода шавад ва ин пешниҳод аз ҷониби ҳамаи аъзои кумитаи иҷроияи ШОО ҷонибдорӣ ёфт.

Ҳамакнун 4-ум Бозиҳои осиёии наврасон – Тошканд-2025 ба феҳристи чорабиниҳои варзишии ШОО илова шуд.

Лентаи хабарҳо
0