Комроншоҳу Соҳибу Шакармамад ғолибони Ҷоми Президент -акс

© SputnikҒолибони мусобиқаи ҷудо дар Хуҷанд
Ғолибони мусобиқаи ҷудо дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг, Соҳиб Қурбонов аз кишвари Узбакистон дар вазни 100 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни ҷамъ 100 кг пирӯз шудаанд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik.  Даври финалии мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба намуди ҷудо, барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон  рӯзи 5-уми октябр дар Қасри варзиш дар Хуҷанд доир шуд.

Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баргузории мусобиқаи Ҷоми президент оид ба дзюдо дар Хуҷанд: ҷоиза 10 ҳазор сомонӣ

Дар ин мусобиқа, ба ҳисоби варзишкорони Тоҷикистон, варзишгарон    аз кишварҳои Афғонистон, Қазоқистону  Қирғизистон ва Узбакистон иштирок доштанд.

Зимнан ин 7-умин мусобиқаи байналмилӣ  оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Презинденти Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар даври ниҳоии ин мусобиқа аз рӯи вазни 90 кг бо пирӯзии Комроншоҳи Устопириён ба поён расид.

Дар ин сабқат Комроншоҳ бар Саидҷамол Алимардонов аз шаҳри Душанбе вориди сабқат шуда, пирӯз гардид.

Ба ин тартиб дар вазни 100 кг Соҳиб Қурбонов аз кишвари Узбакистон ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100 кг бар рақибони худ ғолиб дониста шуданд.

© SputnikҒолибони мусобиқаи ҷудо дар Хуҷанд
Ғолибони мусобиқаи ҷудо дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Ғолибони мусобиқаи ҷудо дар Хуҷанд
© SputnikКомроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
2/2
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон
1/2
Ғолибони мусобиқаи ҷудо дар Хуҷанд
2/2
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон

Шакармамад Мирмамадов  дар финал намояндаи Узбакистонро шикаст дод

Барои ғолибони  ҷои аввал Ҷом ва 10 ҳазор сомонӣ, барои  ғолибони ҷои дуюм ва сеюм 5 ва 2, 5 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи байналмилалии ҷудои Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ки тайи чаҳор рӯз аз 2 то 5 дар шаҳри Хуҷанд давом дошт имрӯз ба поён расид.

Лентаи хабарҳо
0