07:13 12 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Ҷудо, акс аз бойгонӣ

Чор медали ҷудкорони тоҷик дар мусобиқа барои Ҷоми Осиё

© Sputnik / Павел Лисицын
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҷудокорони ҷавони кишвар дар мусобиқа барои Ҷоми Осиё 4 медал ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, рӯзҳои 4-6 октябри соли равон дар шаҳри Чолпон-Атаи ҷумҳурии Қирғизистон Ҷоми Осиё дар риштаи миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид, ки варзишгарони тоҷик миёни ҷавонон 4 медал ба даст оварданд.

“Дар мусобиқа миёни ҷавонон 127 варзишгар аз 7 давлат ширкат намуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 11 нафар - 10 писар, 1 духтар иборат буд, ки ба гирифтани 2 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ даст ёфтанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, медалҳои тиллоро Меҳрзод Сӯфиев дар вазни -60 кило миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова дар вазни -63 кило миёни духтарон сазовор гаштанд.

Бар асоси иттилоияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар вазни -60кг миёни писарон ду варзишгари дигари кишвар - Сулаймони Ҷамшед ва Шаҳбоз Саидаброров медали биринҷӣ ба гардан овехтанд.

Барчаспҳо:
пирӯзӣ, медал, Ҷоми Осиё, мусобиқа, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ