13:09 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Рамзи бозиҳои олимпӣ бо парчами Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Роҳбарони акдемияҳои олимпӣ дар Сочӣ арзишҳоро баррасӣ карданд

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
28 0 0

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки дар Донишгоҳи байналмилалии олимпии Русия, воқеъ дар шаҳри Сочӣ машварати роҳбарони академияҳои олимпии кишвари мизбон, Тоҷикистон, Латвия, Туркманистон, Украина ва Узбакистон баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар ин чорабинӣ Тоҷикистонро президенти Академияи миллии олимпӣ Шодӣ Сафаров намояндагӣ кард.

“Иштирокчиён масъалаҳои муҳими таълимоти олимпӣ – ҳамгироии муассисаҳои таълимӣ дар самти омӯзиши олимпӣ, ҷалби варзишгарон-олимпичиҳо, кор бо насли ҷавон, истифодаи технологияи муосир ҷиҳати рушди арзишҳои олимпӣ ва ғайраро муҳокима карда, аз таҷрибаи кориашон ва оид ба рушди ҳаракати олимпӣ андешаҳояшонро баён намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки роҳбарони академияҳои олимпӣ инчунин натиҷаҳои Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Красноярск ва Наполиро баррасӣ карданд.

Мубориза мебарам: Дилшод Назаров аз нақшаҳои минбаъдааш гуфт

Станислав Поздняков, президенти Кумитаи олимпии Русия, ки дар семинар иштирок кард, аз ҷумла гуфт, нақши академия дар рушди таълимоти муосири олимпӣ калон аст ва изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ дар формати вохуриҳо боиси густариши муносибатҳо мегардад ва нақшаҳои ҳамкории дарозмуддат ба миён хоҳанд омад.

Мавзӯъҳои асосӣ