01:23 23 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Главный тренер национальной сборной Таджикистана Усмон Тошев

Мо аз дастаи рақиб ҳарос надорем: мунтахаби Тоҷикистон мехоҳад ба тими Ҷопон пирӯз шавад

© ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
19301

Бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби  Тоҷикистон ва Ҷопон пагоҳ, 15 октябр, соати 17:15, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Имрӯз дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” нишасти хабарии пеш аз бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби футболи  Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардид.

Дар нишаст сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Япония Усмон Тошев ва Хадзимэ Мориясу ҳузур дошта, ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб доданд.

Нахустин шуда, сармураббии дастаи мунтахаби  Япония  Хадзимэ Мориясу ба толори нишасти хабарӣ ҳозир шуд. Ӯ ба мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон барои истиқболи самимияшон миннатдорӣ изҳор намуд. Баъдан  сармураббии дастаи   мунтахаби  Япония Хадзимэ Мориясу ба саволҳои хабарнигон  ҷавоб дода, аз ҷумла чунин гуфт:

“Ба ҳамагон маълум аст, ки дастаи  мунтахаби Тоҷикистон низ ба монанди мо дар гурӯҳи “Ғ” ду пирӯзӣ дорад, аз ин бармеояд, ки тоҷикон ба бозӣ бо мо хеле ҷиддӣ омода шудаанд. Мо баъд аз дидор бо дастаи мунтахаби Муғулистон дар ҳайатамон каме мушкилӣ дорем, ки он садди роҳи пирӯзии мо дар бозӣ бо Тоҷикистон нахоҳад шуд. Фардо ба шогирдонам барору комёбиҳо таманно дорам”, гуфт сармураббии дастаи   мунтахаби  Япония Хадзимэ Мориясу.

Дар идомаи  нишасти хабарии имрӯза сармураббии дастаи  мунтахаби футболи  Тоҷикистон Усмон Тошев иброз дошт, ки    “ҳайати дастаи мунтахаби Японияро бори дигар ба Ватани офтобиамон хушомадед мегӯям. Дастаи мунтахаби Япония  яке аз дастаҳои пурқувват дар қораи Осиё аст. Мо чӣ неруву тавоне, ки дорем, фардо дар майдон нишон хоҳем дод. Мо аз дастаи рақиб ягон ҳарос надорем. Аз мухлисони тоҷик даъват ба амал меорем, ки фардо ба Варзишгоҳи  марказии шаҳри Душанбе ташриф оварда, футболбозони шинохтаи тоҷикро дар ин бозӣ дастгирӣ намоянд”.

Ёдовар мешавем, ки бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби  Тоҷикистон ва Япония  пагоҳ, 15 октябр, соати 17:15, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Барчаспҳо:
бозӣ, футбол, Ҷопон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ