14:06 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Муниса Ойматова дар “G1 Beirut Open 2019” медали тилло гирифт

Муниса Ойматова боз сазовари медали тилло шуд

акс аз сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

Муниса Ойматова, узви дастаи мунтахаби теквандои Тоҷикистон боз сазовори медали тилло шуд. Дар маҷмуъ дастаи мунтахаби теквандои Тоҷикистон дар мусобиқаи “Бухоро Опен” соҳиби 20 медал, аз ҷумла 5 медали тилло шуд

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дастаи мунтахаби теквандои Тоҷикистон дар мусобиқаи “Бухоро Опен”, ки имсл дар Узбакистон баргузор шуд, соҳиби панҷ медали тилло гашт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Муниса Ойматова дар “G1 Beirut Open 2019” медали тилло гирифт
акс аз сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Муниса Ойматова, чанде пеш ар мусобиқаи байналмилалии “G1 Beirut Open 2019”, ки 6-8 сентябр дар шаҳри Бейрути кишвари Лубнон доир гашт, медали тилло шуда буд.

Ин шашумин медали Муниса дар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2019 мебошад. Бояд қайд кард, ки варзишкор дар мусобиқаи мазкур мактаби теквандои Душанберо муаррифӣ мекард.

Инчунин Насиба Боқиева аз Душанбе дар вазни 55 кило соҳиби медали тилло гашт.

Миёни мардҳо Каримов Муҳаммадзиё, дар вазни 63 кило ва Киран Кумар, дар 18 кило соҳиби медали тилло шуданд.  

Медили тиллои панҷумро барои дастаи Тоҷикистон Анушервони Соҳибназар дар вазни 63 кило аз шаҳри Кӯлоб ба даст овард.

Ёдрас мешавем, ки аз санаи 10-13 октябр дар шаҳри Бухорои Узбекистон дуюм мусобиқаи кушоди Бухоро оид ба таеквондои ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Медали нуқраи Муниса дар “7th Fujairah Open 2019-G1”

Дар мусобиқа беш аз 1300 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар чор синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон - иштирок намуданд.

Ба иттилои раиси Федератсияи таеквондо WTF-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати калон, аз ҷумла варзишгарон аз минтақаҳои кишвар, мураббиёну доварон ба хотири баланд бардоштани маҳорат ва андухтани таҷрибаи мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба Бухоро сафарбар ва сазовори 20 медал, аз ҷумла 5 медали тилло гардиданд.

Барчаспҳо:
Узбакистон, варзиш, медали тилло, даста, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ