Варзишгарони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа озими Марокаш шуданд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дзюдочиёни тоҷик ба хотири иштирок дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ин намуди варзиш ба Марокаш сафар намуданд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Сар аз имрӯз то 20 октябри соли равон дар Марокаш Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо баргузор мешавад.

Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баргузории мусобиқаи Ҷоми президент оид ба дзюдо дар Хуҷанд: ҷоиза 10 ҳазор сомонӣ

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо,  дар қаҳрамонӣ 517 варзишгар  аз 81 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд.

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо ҷои панҷумро ишғол карданд

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 6 дзюдочӣ  Ҷамолиддин Абдуллоев, Идибек Сафаров, Сомон Маҳмадбеков, Қоим Шукронов, Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода намояндагӣ мекунанд.

Манбаъ меафзояд, варзишгарони тоҷик дар 3 вазн миёни мардон гуштин мегиранд.

Гуфта мешавад, қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо аз рӯи 14 категорияи вазнӣ, ҳамчунин қувваозмоии даставии омехта сурат мегирад.

Комроншоҳ 2 зина поён, Сомон 11 зина боло шуд: раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо

Ғолибони ҷойи аввалро - 2500 доллар, ҷои дуюм – 1500 доллар, ҷойҳои сеюм – 850-доллар интизор аст.

Лентаи хабарҳо
0