Шарти Майк Тайсон барои баргаштан ба майдони муҳориба - навор

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкБоксер Майк Тайсон
Боксер Майк Тайсон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Майк Тайсон гуфтааст, ки имкони ба майдони набард баргаштанро дорад, агар пешакӣ маблағи ӯро пардохт кунанд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки дар он собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс Майк Тайсон размикорони ҷавонро тамрин медиҳад.

​Собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар ин навор ба размикорони муҳорибаҳои омехтаи (ММА) Ҷастин Гетҷӣ ва Оттман Азейтар усулҳои муштзанӣ ва ҳимоя намудани худ аз ҳарифро нишон додааст.

Боксер Майк Тайсон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тайсон ба Макгрегор: дар дохили панҷара зӯрӣ кун

Тайсан дар саҳифаи Twitter навиштааст, ки ҳаваси ба майдони набард баргаштанро надорад, вале ҳамзамон аз чунин имконият ҳоло ҳам бархӯрдор аст.

"Ба шарте бармегардам, агар маблағи маро қаблан пардохт кунанд. Бароям муносибат ва кор кардан бо варзишгарони ҷавон бисёр роҳатбахш аст", афзудааст Майк Тайсон.

Ҷангал як шоҳ дорад: Ҳабиб дар бораи тарки муҳориба кардани Конор

Маврид ба зикр аст, ки Майк Тайсон дар тӯли собиқаи калони варзишии худ 58 маротиба ба ринг баромадаст. Аз ин миён 50 муҳорибаро бо пирӯз шудан анҷом дода, танҳо дар 6 набард мағлуб шудаст.

Гузашта аз ин боз ду набардӣ ӯ беэътибор дониста шуда буд.

Бояд зикр намуд, ки то кунун собиқ қаҳрамони ҷаҳон Майк Тайсон дар чандин филмҳо нақш офаридаст.

Лентаи хабарҳо
0