Медали дуюми Шаҳриёр дар Қаҳрамонии Осиё

© Национальный олимпийский комитет РТТаджикский каноист Шахриер Даминов завоевал серебряную медаль на чемпионате мира и Азии по гребле
Таджикский каноист Шахриер Даминов завоевал серебряную медаль на чемпионате мира и Азии по гребле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 25,90 километр сабқат карда, бо натиҷаи 2:18:47.86 сазовори медали биринҷии Қаҳрамонии Осиё гардид

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Шаҳриёр бо ин натиҷа дар сатҳи ҷаҳон миёни 20 нафар аз 12 давлати ҷаҳон ҷои 11-умро ишғол кард.

Шахриёр Даминов - Sputnik Тоҷикистон
Оғози чемпионати ҷаҳон бо иштироки 5 қаиқрони тоҷик

Бар хабари самонаи "Варзиш" миёни варзишгарони Осиё медали тилло насиби варзишгари мизбон Йонгжуанг Суй бо натиҷаи 2:14:45.36, медали нуқра бошад, насиби варзишгари Ҷопон Такаюкӣ Кокаҷӣ бо натиҷаи 2:15:50.40 шуд.

Қаиқронҳои тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Руминия рафтанд

Медали тиллои Қаҳрамони ҷаҳонро Мануэл Кампос аз Испания (2:05:31.65) ба даст овард. Варзишгари Чех Яқуб Брезина (2:05:42.04) ҷои дуюм, варзишгари Руссия Кирил Шамшурин (2:05:50.13) мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳриёр Даминов 17 октябр дар каноэи якнафарӣ  ба масофаи 3600 метр сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардида буд.

Даминов ва Рустамов дар сабқат барои Ҷоми Ҷаҳон дар Олмон иштирок мекунанд

Лентаи хабарҳо
0