08:20 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Футбольный мячь на поле, архивное фото

Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии нави ФИФА тағйир ёфт

© Sputnik / Стас Этвеш
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
148 0 0

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол, ки имрӯз, 24-уми октябри соли 2019 дар сомонаи расмии ФИФА нашр шудааст, як зина поён рафт

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ба иттилои сомонаи Варзиш, мавқеи Тоҷикистон дар радабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол як зина поён рафта, дар байни 211 кишвар бо 1168 имтиёз дар ҷойгоҳи 116-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба Конфедератсиони футболи Осиё шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб шудааст.

Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ муайян шуд

Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал ва дар ҷаҳон бошад бо 1505 имтиёз дар зинаи 27-ум қарор дорад.

Феҳрасти ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шудааст. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар радабандии ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003-юм мебошад.

Мавқеи Тоҷикистон дар Феҳристи шиносномаҳо поёнтар шуд

Феҳрасти ояндаи ФИФА 24-уми ноябр нашр хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
радабандӣ, ФИФА, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ