15:29 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Дзюдо, архивное фото

 Нокомии ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи дуюми "Abu Dhabi Grand Slam 2019"

© Sputnik / Владимир Астапкович
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
91 0 0

Ҳар чаҳор намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2019" аз рақибони худ шикаст хӯрданд ва имкони идома додани сабқатро аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар рӯзи дуюми мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2019", ки Тоҷикистонро чаҳор ҷудочӣ намояндагт карданд, ба шикаст рӯбарӯ шуданд.

Варзишгарони тоҷик Шоҳида Қаландарова,  Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Муродов ва Назаров Ҳақназар Тоҷикистонро дар ин мусобиқа муаррифӣ мекарданд.

Баргузории мусобиқаи Ҷоми президент оид ба дзюдо дар Хуҷанд: ҷоиза 10 ҳазор сомонӣ

Ба иттилои сомонаи Варзиш,  Шоҳида Қаландарова, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз пайти дуюм бар муқобили намояндаи Куба – Карвахал Майлин оғоз карда, дучори шикаст шуд.

Беҳрӯз Хоҷазода дар даври аввал бо ҷудочии муғул – Тсогбаатар Стен-Очир рақобат карда, дучори нокомӣ гардид ва аз идомаи сабқат бенасиб монд.

Комроншоҳ дар мусобиқаи ҷаҳонии устодони дзюдо ширкат мекунад

Ду варзишгари дигари тоҷик - Акмал Муродов ва Назаров Ҳақназар низ дар ҳамин давр аз рақибонашон дучори шикаст шуданд.

Барчаспҳо:
ноком, варзишгарони тоҷик, ҷудо

Мавзӯъҳои асосӣ