Мулоқоти ноибони Эмомалӣ Раҳмон бо Сомон Маҳмадбеков-акс

© Кумитаи ҷавонон ва варзиши ТоҷикистонМулоқоти Аҳтам Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов, ноибони президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Сомон Маҳмадбеков
Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов, ноибони  президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Сомон Маҳмадбеков  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аҳтам Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов, ноибони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков мулоқот карданд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, нахуст, Шамсулло Соҳибов барои ғолибият дар Чемпионати ҷаҳон ва баланд бардоштани Парчами давлатии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ Сомон Маҳмадбековро табрик гуфта, барои машқу тамринҳои пайваста ва идомаи сабқатҳо муваффақият таманно намуд.

“Мо масъулини Кумитаи миллии олимпии кишвар талош бар он менамоем, ки тамоми имкониятҳои маҷударо барои варзишгарон фароҳам оварем”, - изҳор доштааст Шамсулло Соҳибов.

Ӯ афзудааст, ки барои варзишгарони тоҷик тамоми инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз варзишгарон машқу тамринҳои пайваста ва омӯзиши усулу методҳои гуногунро тақозо мебояд, то ки дар сабқат бо ҳарифони хеш ғолибият ба даст оваранд.

© Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳангоми мулоқот Сомон Маҳмадбеков
Мулоқоти ноибони Эмомалӣ Раҳмон бо Сомон Маҳмадбеков-акс - Sputnik Тоҷикистон
Шамсулло Соҳибов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳангоми мулоқот Сомон Маҳмадбеков

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Тоҷикистон, Абдуллозода ба Сомон ваъда додааст, ки барои сабқатҳо, машқу тамринҳо ва баргузории машқҳои дастаҷамъонаи варзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард.

“Мо боварии комил дорем, ки дар дар мусобиқаҳои минбаъда ба дастовардҳои навбатӣ ноил гардида, дар олимпидаи тобистонаи Токио – 2020 миллати тоҷикро муаррифӣ менамоед”, - таъкид намудаст Аҳтам Абдуллозода.

Лентаи хабарҳо
0