18:43 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Рамзи Олимпиадаи тобистонаи 2020, акс аз бойгонӣ

Кумита: варзишгарони тоҷик асосан дар 5 намуд имкони гирифтани роҳхати олимпӣ доранд

© Sputnik / Александр Уткин
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
77 0 0

Варзишгарони Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли равон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 827 медал ба даст овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 360 медал зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Аз миёни 827 медали варзишгарони тоҷикистонӣ, 286 медали тилло, 208 нуқра, 333 медали биринҷӣ мебошанд.

Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов, ноибони  президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Сомон Маҳмадбеков
Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон

Ин нукта имрӯз зимни ҷаласаи 18-ум Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъкид шуд, ки таҳти раёсати муовинони Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Шамсулло Соҳибов ва Абдуллозода Аҳтам баргузор гардид.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки соли 2020 барои соҳаи варзиши мамлакат соли муҳим мебошад, зеро Бозиҳои тобистонаи олимпӣ доир мегардад.

“Варзишгарон ва масъулон бояд беш аз ҳар вақти дигар масъулият нишон диҳанд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош варзанд. Дар ин замина супориш дода шуд, ки нақшаҳои сеҷонибаи маблағгузорӣ бо федератсияҳои варзишӣ ба тасвиб расонида шуда, дар асоси он варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ сафарбар гарданд ва ба машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта шаванд”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпӣ.

Миннатдории падари Сомон аз раиси вилояти Бадахшон барои барқияи шодбошӣ

Кумита зикр кардааст, ки варзишгарони Тоҷикистон асосан аз рӯи панҷ намуди варзиш – ҷудо,  бокс, варзиши сабук, куштӣ ва қайиқронӣ имкони ба даст овардани роҳхати олимпиро доранд.

Дар ин робита пешниҳод карда шуд, ки ҳангоми таҳияи нақшаҳои сеҷониба ба ин намудҳо афзалият дода шавад, хабар дод Кумита.

Барчаспҳо:
роҳхати олимпӣ, медал, Кумитаи миллии олимпӣ, варзиш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ