04:40 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15

Падари Ҳабиб Нурмуҳаммедов расонаҳои Русияро барои пуштибонӣ аз Макгрегор шарманда кард

© Sputnik / Саид Царнаев
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
2121 0 0

Агар ягон аҷнабӣ дилхоҳ шаҳрванди Русияро таҳқир мекард, ман ҳатман зидди ӯ садо баланд мекардам, аммо ВАО - и Русия ин корро накард

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Абдулманап Нурмуҳаммедов падари Ҳабиб Нурмуҳаммедов  қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук аз фаъолияти расонаҳо ва телевизиони Русия шадидан интиқод намудаст, хабар медиҳад  сомонаи KNEWS

Падари Нурмуҳаммадов макони баргузории рақобати навбатии Ҳабибро гуфт

Падари Ҳабиб бар ин назар  аст, ки ВАО - и Русия бо даъват намудани размикори ирландӣ Конор Макрегор ва баргузор кардани нишасти хабарӣ бо иштироки ӯ, пуштибониӣ худро нисбати Конор нишон доданд.

Ӯ мегӯяд, чун Конор дар ҷараёни нишасти хабарӣ ,Ҳабибро таҳқир ва аз ӯ ва кулли мардуми Доғистон тарсу ном бурд.

"Агар мабодо ягон аҷнабӣ дилхоҳ шаҳрванди Русияро таҳқир кунад, ман ҳатман ба ҷонибдорӣ аз ӯ садо баланд мекардам, вале ВАО - и Русия ин корро накард. Дар ҳоле, ки замони шӯравӣ мо низ дар баробари онҳо хоки ин кишварро аз душманон пок мекардем", - бо алам изҳор намудаст Абдулманап.

Зимнан, Конор Макгрегор аз писанд омадани Русия барои ӯ ҳарф зада, афзуд, ки ҳатман дар Маскав замин харида хона месозад ва ин ҷо ба тамрини минбаъда шурӯъ мекунад.

Иллова бар ин, Конор қаҳрамони ҷаҳонро ба он муттаҳам кард, ки ӯ боре ҳам бо байрақи Русия баромад накардаст. Танҳо бо кулоҳи милли мардуми Доғистон вориди октагон мешавад, изҳор намудааст Конор.

Аммо Ҳабиб дар ҷавоб ба иддаои Конор онро беасос хонад ва гуфт, ки пайваста бо байрақи Русия баромад мекунад.

Макгрегор ба Русия мекӯчад?: ӯ гуфт тамринро дар Маскав идома медиҳад

Ёдовар мешавем, Конор Макгрегор размикори ирландие, ки аз ҷониби Ҳабиб Нурмуҳаммедов шикаст хӯрд, давоми чанд рӯз озими Маскав шуд ва дар нишасти хабарӣ низ иштирок кард.

Дар баробари ин дар барномаи "Вечерний Ургант" низ иштирок намуда, дар ҳаққии Ҳабиб ҳаргуна суханҳои ноҷо гуфт ва изҳор намуд, ки Ҳабиб тарсончак аст вагар на ӯ омодаи боз як муҳориба дигар бо Ҳабиб мебошад.

Барчаспҳо:
муттаҳам, Макгрегор, пуштибонӣ, Русия, ВАО, падар, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Мавзӯъҳои асосӣ