Чемпионати Осиё дар риштаи футзал: 16 дастаи иштирокчӣ муайян шуданд

© сомонаи ФФТТими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 16 дастаи иштирокчии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2020, ки дар Ишқобод баргузор мешавад, муайян гардиданд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik.  Тибқи иттилои Кумита, марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё Осиё дар риштаи футболи толорӣ аз 27 феврал то 8 марти соли оянда дар шаҳри Ишқободи  Туркманистон баргузор мешавад.

Рустам Эмомали открыл новые поля для мини-футбола в Курган-Тюбе и Дангаре - Sputnik Тоҷикистон
Мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Душанбе ба муносибати Рӯзи раисҷумҳур

Дар ин сабқат тимҳои футзали Туркманистон, Лубнон, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Уммон, Ҷопон,  Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Қирғизистон, Тайланд, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ветнам иштирок хоҳанд кард.

Манбаъ афзуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи толорӣ, ки ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё роҳхат гирифт, рӯзи 27 октябр аз Эрон ба Ватан баргашт.

Тими футзали кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Деян Дедович дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар Урмияи Эрон доир гашт, дар гурӯҳи “А”-и минтақаи марказию ҷанубии Осиё се бозӣ баргузор карда, дар ду бозӣ бар тимҳои Непал (6:0), Афғонистон (5:2) ғалаба кард ва аз тими футзали Узбекистон (3:9) шикаст хӯрд.

Футзал: рақобати ҳашт даста барои Ҷоми Тоҷикистон

Дар гурӯҳи “А”-и минтақаи марказӣ-ҷанубии Осиё, тими Узбакистон бо се пирӯзӣ ҷои аввал, Тоҷикистон бо ду ғалаба ва як бохт ҷои дуюмро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳ ёфтанд.

 Аз гурӯҳи “В” дастаҳои Эрон, Қирғизистон ва Туркманистон ба ҳайси мизбон, ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо карданд.

Лентаи хабарҳо
0