19:00 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Бозии тими Истиқлол бо дастаи филиппинӣ

"Истиқлол" ва "Регар - Тадаз" боз ба финали Ҷоми Тоҷикистон - 2019 роҳ ёфтанд

© ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
48 0 0

Бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол баргузор ва иштирокчиёни даври финалӣ муайян гардиданд.

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik.  Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, имсол низ ба мисли солҳои қабл дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе ва "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода вомехуранд.

Бозии ҷавобии даври нимфинал миёни дастаҳои "Ҳулбук"-и Восеъ ва "Истиқлол"мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Аз ҳисоби ғалаба дар бозии аввал (5:0) дастаи Душанбе ба пеш баромад.

Дар бозии дигар "Регар-ТадАЗ" дар майдони худ "Хуҷанд"-ро қабул намуд. Вақти асосӣ мисли бозии аввал мусовӣ анҷом ёфт – 1:1. Дар вақти иловагӣ низ мухлисон шоҳиди гол нашуданд. Дар задани зарбаҳои ёздаҳметра бошад, бахти футболбозони Турсунзода омад кард – 4:3.

Бозии даври финалии Ҷоми Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Регар-ТадАЗ" 24 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад.

"Истиқлол" дастаи "Помир"-ро бо ҳисоби калон мағлуб намуд

Агар "Регар-ТадАЗ" дар ин бозӣ пирӯз шавад, пас Тоҷикистонро дар Ҷоми КФО-2020, аз даври интихобӣ, намояндагӣ мекунад. Агар "Истиқлол" ғалаба ба даст оварад, пас дар Ҷоми КФО-2020 барандаи медали нуқраи Қаҳрамонии Тоҷикистон-2019, дастаи "Хуҷанд" ширкат менамояд.

Барчаспҳо:
финал, футбол, Регар-ТадАз, "Истиқлол"

Мавзӯъҳои асосӣ