00:06 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Хушкадам Хусравов. Архивное фото

Нуҳ самбочии тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон иштирок мекунанд

© Страница Х. Хусравова в Facebook
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
95 0 0

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзҳои 8-10 ноябр дар шаҳри Чонгҷуи Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ,  дар чемпионат варзишгарони беш аз 70 давлат аз рӯи се равия – самбои варзишӣ, самбои размӣ ва самбои бонувон, ширкат мекунанд.

Манбаъ афзуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 9 нафар, аз ҷумла Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кило ва Хушқадам Хусравов дар вазни 62 кило дар ин мусобиқа иштирок мекунанд.

Ба иттилои Кумита, инчунин Парвиз Додов дар вазни 68 кило,  Мирзоҷамил Рамазонов  дар вазни 74 кило, Зафар Олимшоев дар вазни 90 кило,  Одилҷон Сафаров дар вазни беш аз 100 кило дар риштаи самбои варзишӣ сабқат мекунанд.

Дар бахши самбои размӣ  Сорбон Латипов  - 62 кило,  Фаридун Одилов – 82 кило,  Ҷамшед Қосимов дар вазни 57 кило қувваозмоӣ мекунанд.

Роҳбарии ҳайати мунтахабро сармураббӣ Носир Бозоров ба уҳда дорад. Қайд кардан бамаврид аст, ки соли 2017 дар Сочии Россия Беҳрӯз Хоҷазода ва соли 2018 дар Бухарести Руминия Хушқадам Хусравов ба унвони чемпиони ҷаҳон даст ётаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ