Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон дар Осиё беҳтарин эълон шуд

© ФФТЮношеская сборная Таджикистана по футболу
Юношеская сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маросими супурдани ҷоизаҳо 12-уми ноябр дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур – дар ҷараёни конфронси севуми ҷавонони Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) доир гардид

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон бо ҷоизаи беҳтарин лигаи наврасон дар Осиё дар соли 2019 мукофотонида шуд.

Юношеская сборная Таджикистана после победы на отборочном турнире чемпионата Азии-2020 - Sputnik Тоҷикистон
Роҳ ёфтани 12 дастаи дигар ба марҳилаи ниҳоии Қаҳрамонии Осиё - 2020

Ба иттилои сомонаи "Варзиш", ҷоизаи вижаи беҳтарин лигаи наврасон дар Осиё дар соли 2019-ро дабири кулли КФО Дато Виндзор Ҷон ва нимҳимоятгари собиқи "Манчестер Юнайтед"-и Англия ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ Пак Чжи Сун ба мудири Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков тақдим намуданд.

Зимнан, Давлатбеков ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, барои дастгирӣ ва диққати ҷиддӣ андохтан ба Лигаи кӯдакону наврасон, изҳори миннатдорӣ намуд.

"Гирифтани ҷоизаи ҳайсиятӣ аз КФО ин, дар ҳақиқат, дастоварди бузург барои футболи кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон аст. Мо аллакай маҳсули меҳнати худро мебинем ва мехоҳам ба ҳамаи дастаҳое, ки дар мусобиқоти мо ширкат меварзанд, изҳори сипос намоям. Ин ҷоиза ҳанӯз оғози кор аст ва мо азми комил дорем, ки солҳои наздиктарин лигаи худро васеъ ва беҳтар кунем", – изҳор намудаст Увайдо Давлатбеков.
Лентаи хабарҳо
0