Нурмуҳаммадов қаҳрамонҳои ояндаи UFC - ро номбар кард

Обуна шудан
Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар пурсишнома дар бораи қаҳрамони ояндаи UFC аз Русия, ширкат карда, назари худро гуфт

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Қаҳрамони UFC, варзишкори машҳури доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов номи се варзишкорро гуфт, ки бояд дар оянда қаҳрамони UFC шаванд.

Ба гуфти Нурмуҳаммадов Пётр Ян, Забит Муҳаммадшарипов ва Ислом Махачев дар оянда метавонанд унвони қаҳрамонии созмони бонуфузи UFC - ро соҳиб шаванд.

Публикация от UFC Russia (@ufcrussia)

"Ян, Забит, Ислом", — навиштааст Ҳабиб дар саҳифаи расмии UFC Russia дар ҷавоб ба саволи қаҳрамонҳои оянда аз Русия киҳоянд.

Дар баробари ин дар пурсишнома чаҳор размикор интихоб шуда буданд, ки миёни онҳо номи Ислом Махачев набуд.

Хабиб Нурмагомедов во время открытой тренировки c Дастином Пуарье  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи тарки октагон гуфт

Шарҳи раҳбарияти UFC дар бораи таҳқири Макгрегор аз Нурмуҳаммадов

Бояд гуфт, ки Ян панҷ маротиба ба октагони UFC баромада ва пирӯз шудааст. Муҳаммадшарипов шаш бор аз октагон бо сари баланд баромадааст, Махачев бошад ҳашт маротиба ба муҳориба баромада як бор мағлуб шудааст.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи тарки октагон гуфт

Ёдрас мешавем, ки пештар Нурмуҳаммадов ишора кард, ки муҳорибаи навбатӣ дар фаъолияти варзишияш метавонад охирин бошад. Рақиби навбатии Ҳабиб бояд Тони Фергюсон шавад ва қарор аст, муҳориба дар Русия барпо гардад.

Лентаи хабарҳо
0