Бозии мунтахаби Қатар ва Афғонистон дар Душанбе баргузор мешавад

© акс аз сомонаи ФФТМунтахаби футболбозони Қатар
Мунтахаби футболбозони Қатар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби Қатар ва Афғонистон бозии даври шашуми худро дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мекунанд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Қаҳрамони феълии Осиё, тими мунтахаби Қатар барои баргузор кардани дидори даври шашуми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба Душанбе меоядхабар медиҳад сомонаи "Варзиш".

Главный тренер национальной сборной Таджикистана Усмон Тошев - Sputnik Тоҷикистон
Бозингаронро дуруст интихоб накардам: Тошев омили аслии бохти тимашро шарҳ дод

Ба иттилои манбаъ, дастаи яккачини футболи Афғонистон акнун боз як вохӯрии хонагиашро дар доираи ин мусобиқа дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мекунад.

Бонувони шаҳри Бохтар қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол шуданд

Дар ин варзишгоҳ, ки қариб 22 000 ҷойи нишаст дорад, Афғонистон 19-уми ноябр бо Қатар бозӣ мекунад. Қаблан футболбозони Афғонистон 10-ми сентябр бозии аввали хонагиашро бо Бангладеш (1:0) дар Душанбе баргузор карда буд.

Ҳоло мунтахаби Афғонистон дар гурӯҳи "Е" бо 4 хол баъд аз Қатар ва Уммон зинаи сеюмро касб мекунад.

Лентаи хабарҳо
0