Марди хастанопазир: сипосгузории афғонҳо аз Саъдӣ Исмоилов

© facebookСаъдӣ Исмоилов мухлиси тими Тоҷикистон
Саъдӣ Исмоилов мухлиси тими Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Сафҳаи футболи Афғонистон” аз раҳбари ҳаракати мухлисон ё фан-клуби тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол” – и Душанбе Саъдӣ Исмоилов сипосгузорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Гардонандагони ин сафҳа, ки дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ҳудуди 40 ҳазор пайраву хонанда дорад, аз талошу пуштибониҳо ва ташвиқи мухлисони тоҷик дар бозии Афғонистону Ҳинд, ки дар Душанбе баргузор ва мусовӣ анҷом шуд, як навиштаи пур аз эҳсосотро дар зери акси Саъдӣ Исмоилов сабт кардаанд.

Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонувони шаҳри Бохтар қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол шуданд

“Оё ин марди хастанопазирро мешиносед? Оре, ин мард Саъдӣ Исмоилуф аст. Ин, ки ҳамеша бо пероҳани тими миллии футболи Афғонистон тими мо ва тамошогаронро ташвиқ мекунад, бояд бидонем, ки мо бо бародарони тоҷики Тоҷикистони худ ҳамхунем. Ҳамеша Тоҷикистонро хонаи худ фикр карда, аз Пешовар то Ому, Самарқанду Бухоро ва Душанбе мо бо ҳам бародарем. Зинда бод дӯстии Афғонистон ва Тоҷикистон! Мо бо ҳам бародарем” Ин коштаи “Сафҳаи футболи Афғонистон” – ро даҳҳо нафар писандида ва аҳсант гуфтаанд.

 Саъдӣ Исмоилов солҳо ба ин сӯ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба тарғибу ташвиқи мухлисон барои пуштибонӣ аз тими миллӣ ва ҳам дастаи “Истиқлол” – и Душанбе машғуланд ва ин кори худро ба таври аҳсан анҷом медиҳанд.

Маҳз бо талошҳои Саъдӣ Исмоилов Варзишгоҳи марказии Душанбе ҳангоми бозиҳои футбол бо ширкати тими миллӣ ва дастаи “Истиқлол” сахт пуршӯру шавқ, ҷолиб ва ҳаяҷонангез мешавад.
Варзишгоҳҳои Тоҷикистон пас аз суқути Шӯравӣ қариб аз мухлисон холӣ шуда буданд. Аммо чанд соли охир бо рушди футбол ва талошҳои Федератсияи футболи Тоҷикистону баргузории бозиҳои сатҳи милливу байнулмилалӣ мухлисон ба ин варзишгоҳ баргаштанд.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии аввалини Тоҷикистон дар марҳалаи интихобии чемпионати ҷаҳон – 2022 бо Қирғизистон, ки 5 сентябри соли равон баргузор шуд, 17 ҳазору 800 мухлис ҷамъ омад.
Варзишгоҳи марказии Душанбе зарфияти гунҷоиши 22 ҳазор нафарро дорад.
Лентаи хабарҳо
0