Духтари ҳиҷобпӯш баъд аз муҳориба дар мусобиқаи ММА ба ҳалокат расид

© Facebook / Stonehenge CrossFitБоец MMA Саида Алетаха
Боец MMA Саида Алетаха - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар муҳориба бо қоидаҳои кикбоксинг варзишкори 26-солаи эронитабори Бритониё, ки ҳамеша дар майдон бо ҳиҷоб рақобат мекард, захмҳои ҷиддӣ бардошта дар бемористон ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Саида Алетаха, варзишкори бритониёии эронитабор ҳангоми мусобиқаҳои омехтаи ММА захмҳои ҷиддӣ бардошта, баъд аз мусобиқа ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст ВВС.

Бекзод Нурматов - Sputnik Тоҷикистон
Варзишкори ММА аз Узбакистон баъд аз муҳориба даргузашт - навор

Мусобиқа таҳти шиори Fast & Furious Fight, рӯзи шанбеи гузашта дар шаҳраки Саутгемптони Бритониё баргузор шудааст. Дар муҳориба бо қоидаҳои кикбоксинг духтари 26-солаи бритониёии эронитабор иштирок кард. Вай ҳамеша ба майдон бо ҳиҷоб мебаромад. Варзишкор зимни муҳориба на танҳо аз рақибаш шикаст хурд, балки захмҳои ҷиддӣ низ бардошт.

Пас аз муҳориба Саида оҷилан ба бемористон интиқол дода шуд, аммо мутаасифона пизишкон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд.

Масъулини мусобиқа вобаста ба марги Саида андуҳи худро баён карданд. Масъулини мусобиқаи Fast & Furious Fight таъкид намуданд, ки дар мусубиқаи мазкур гурӯҳи пизишкон иштирок доштанд ва ба варзишкор ёрии аввалиро расонданд.

Дар ҳамин ҳол, пулиси шаҳристони Хэмпшир алакай ба таҳқиқи марги варзишкор оғоз намудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Бекзод Нурматов, варзишкори узбакистонӣ, ки дар муҳорибаҳои омехта ММА иштирок мекард, пас аз чанд рӯзи мағлубшуданаш дар беморхонаи шаҳри Грозний ба ҳалокат расид.

Лентаи хабарҳо
0