Бозии мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон мусовӣ анҷом ёфт

© ФФТМатч футбольных сборных Таджикистана и Кыргызстана
Матч футбольных сборных Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби футболбозони Тоҷикистон бозии шашуми худро бо тими Қирғизистон мусовӣ 1:1 анҷом доданд ва дар зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳи "F" ҷой гирифтанд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек, бозии даври 6-уми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “Ғ” байни яккачинҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Товарищеский матч футбольных сборных Таджикистан–Малайзия. Онлайн-трансляция - Sputnik Тоҷикистон
Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон ва Малайзия

Сомонаи "Варзиш" хабар медиҳад, ки ҳарчанд набарди тимҳо пуршиддат сурат гирифта, вале ҳисоб мусовии 1:1 хотима ёфт.

Голи тими Тоҷикистонро  Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 17-ум ба самар расонид. Дар дақиқаи 83-юм футболбоз аз дастаи Қирғизистон  Козубаев Т ҳисобро баробар кард.

Роҳ ёфтани 12 дастаи дигар ба марҳилаи ниҳоии Қаҳрамонии Осиё - 2020

Ҳамин тавр рақобати мунтахабҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Акнун баъди ин дидор мунтахаби Тоҷикистон соҳиби 7 имтиёз шуда, дар зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳи “Ғ” қарор гирифт.

Мунтахаби Қирғизистон дар хазинаи худ 7 хол дорад, аммо бо фарқияти бештари тӯбҳо дар зинаи дуюм қарор гирифтааст. Феълан дар зинаи якуми ин гурӯҳ тими миллии Ҷопон бо дарёфти 12 хол ҷой гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0