15:56 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Усмон Тошев, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Бурду бохт бари ҳаманд: Тошев гуфт, аз бозӣ ва бачаҳо розист–видео

ФФТ Таджикистана
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
27210

Усмон Тошев, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон, дар пайи анҷоми бозӣ бо тими Қирғизистон бо ҳисоби баробари 1-1 изҳор дошт, ки аз бозӣ ва бачаҳо розӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ баъди анҷоми бозӣ гуфт, аз бозию бачаҳо розист, чун тамоми нерӯяшонро равона карданд. Тошев афзуд, ки дар варзиш, бурду бохт ҳамеша дар бари ҳаманд. Вай афзуд, бозии тими Тоҷикистон бо Қирғизистон ҳатто онҳоеро, ки нисбати бозии тими мунтахаб хушбин набуданд, дилгарм кард.

Сармураббии тими Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки баъди голи аввал ҳеч дастуре барои гузаштан ба ҳимоятро надод, балки тим ҳадаф дошт, голи дуюмро низ вориди дарвозаи рақиб кунад.

“Бозигарон талош карданд ва миёнашон бачаҳои моҳир зиёданд, ки эҷодкорона ва баъзан ғайриодӣ бозӣ мекунанд. Танҳо таҷриба дар бозиҳои байналмилалӣ намерасад”, - изҳор дошт Тошев.

Дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек, бозии даври 6-уми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “Ғ” байни яккачинҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Акнун баъди ин дидор мунтахаби Тоҷикистон соҳиби 7 имтиёз шуда, дар зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳи “Ғ” қарор гирифт.

Мунтахаби Қирғизистон дар хазинаи худ 7 хол дорад, аммо бо фарқияти бештари тӯбҳо дар зинаи дуюм қарор гирифтааст. Феълан дар зинаи якуми ин гурӯҳ тими миллии Ҷопон бо дарёфти 12 хол ҷой гирифтааст.

Барчаспҳо:
ҷоми ҷаҳон, мусовӣ, Қирғизистон, футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ