Бозии мунтахаби бонувони Тоҷикистону Эрон фардо дар Варзишгоҳи Душанбе баргузор мешавад

© SputnikЛучшие моменты женской сборной Таджикистана по футболу в отборочном туре кубка Азии
Лучшие моменты женской сборной Таджикистана по футболу в отборочном туре кубка Азии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими мунтахаби олимпии бонувони Тоҷикистон (U-23) аввалин бозиашро 22 ноябр муқобили Эрон доир мекунад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон сар аз 22 ноябр Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) миёни мунтахабҳои олимпии бонувони то 23-сола оғоз мегардад, хабар медиҳад кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонувони шаҳри Бохтар қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол шуданд

Бар хабари манбаъ, дар мусобиқа, ки то 28 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир мегардад, мунтахабҳои бонувони 6 давлати узви АФОМ – Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.

ФФТ беҳтаринҳои футбол дар соли 2018-ро эълон кард

Зикр мегардад, ки дар доираи Қаҳрамонии АФОМ-2019 миёни бонувон 15 бозӣ доир мешавад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор ва дастаи ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда маълум мегардад.

Тими мунтахаби олимпии бонувони Тоҷикистон (U-23) аввалин бозиашро 22 ноябр муқобили Эрон доир мекунад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 17:00 оғоз мегардад.

Дастаи мунтахаби бонувони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ-2018 иштирок мекунад

Лентаи хабарҳо
0