Муштзани шикастнадидаи тоҷик дар Мексико ба майдон мебарояд

© © из личного архива Мехрубона СангиноваТаджикский боксер Мехрубон Сангинов, архивное фото
Таджикский боксер Мехрубон Сангинов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меҳрубон Сангинов, муштзани тоҷик, ки то ҳол боре ҳам мағлуб нашудааст, дар доираи чорабинии "TJ Fight Nights" дар Мексика зӯрозмоӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Рақиби Меҳрубон Сангинов дар мусобиқаи "TJ Fight Nights" муштзани мексикоӣ Мигел Лопес мебошад. Ин зӯрозмоӣ 23 ноябр дар назар назар аст.

Муштзани тоҷик дар саҳифааш дар Instagram навиштааст, ки вазнаш хуб буда, омода аст барои парчам, Ватан ва халқ ҷон диҳад.  “I love you Tajikistan”, - навиштааст Сангинов.

Публикация от Mekhrubon Sanginov (@mekhsanginov)

То ҳол ин муштзани тоҷик 7 сабқатро бо пирӯзӣ ва як зӯрозмоиро мусовӣ анҷом додааст.

Мусобиқаи "TJ Fight Nights" дар майдони Big Punch Arena дар Тихуани Мексика баргузор мешавад. Дар маҷмуъ дар доираи ин чорабинӣ 15 зӯрозмоӣ дар назар буда, муштзанҳо ва варзишкорони ҳунарҳои размии омехта ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0