Маҳмадбеков паҳлавони ҷопониро шикаст дода, нишони биринҷӣ гирифт

© © Sputnik / Амир ИсаевВстреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова
Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сомон Маҳмадбеков дар даври 1/4 ниҳоӣ аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон варзишгари ҷопонӣ мағлуб шуда, дар сабқат барои медали биринҷӣ паҳлавони дигари ҷопониро шикаст дод

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи "Osaka Grand Slam 2019" дар сабқат барои нишони биринҷӣ рақиби ҷопонӣ Арата Татсукаваро шикаст дод.

Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадбековҳо дар "Тоскулоҳи бузурги Осака - 2019": яке довталаб, яке мухлис

Имрӯз дар доираи мусобиқаи "Osaka Grand Slam 2019" рақобатҳо дар вазни 73 ва 81 кг баргузор шуданд. 

Варзишгарони кишвар Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг ва Акмал Муродов дар вазни 81 кг Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ намояндагӣ карданд.

Бар хабари сомонаи "Варзиш", Беҳрӯзи Хоҷазода рақобатро аз даври дуюм шуруъ кард. Ҳарифи ӯ паҳлавони ҷопонӣ Кенши Ҳарада буд. Дар ин зӯрозмоӣ Беҳрӯз мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Паҳлавони дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков низ дар вазни 73 кг майдондорӣ кард. Сомон дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо намояндаи Фаронса Бенҷамин Аксус вориди татамӣ шуда, дастболо гардид. Дар даври сеюм Сомон бо варзишгари рус Евгений Прокопчук сабқат намуда, ӯро низ мағлуб намуд ва ба даври ¼ ниҳоӣ роҳхат пайдо кард.

Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов, ноибони  президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Сомон Маҳмадбеков  - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти ноибони Эмомалӣ Раҳмон бо Сомон Маҳмадбеков-акс

Дар ин марҳила рақиби ҷудокори тоҷик қаҳрамони се каратаи ҷаҳон Масаши Эбинума аз Ҷопон буд ва муттаассифона Сомон аз ин рақибаш ноком гашт. Баъдан Сомон дар даври тасаллобахш бо ҷудочии кишвари Қазоқистон Жансай Смагулов нерусанҷӣ намуда, зафар ёфту дар рақобат барои нишони биринҷӣ пирӯз шуд.

Мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2019" барои варзишгарони тоҷик хотима ёфт

Зимнан дар категорияи вазнии 81 кило Тоҷикистонро Акмал Муродов муаррифӣ намуд. Акмал рақиби якуми худ Иура Свейнбҷорнро аз Исландия шикаст дода, ба даври навбатӣ баромад. Аммо дар даври дуюм Акмал аз Томокиё Ҳикару шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Лентаи хабарҳо
0