19:21 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
118510

Меҳрубон Сангинов, муштзани тоҷик, ки то ҳол боре ҳам мағлуб нашудааст, дар доираи чорабинии "TJ Fight Nights" дар Мексика ҳарифаш Мигел Лопесро шикаст дод

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Меҳрубон Сангинов дар мусобиқаи "TJ Fight Nights" муштзани мексикоӣ Мигел Лопесро шикаст дода, ин пирӯзияшро туҳфа ба мардуми тоҷик ба муносибати Рӯзи Парчам арзёбӣ кардааст.

“Ман ба халқам пирӯзиро ваъда кардам. Ҳамаи ҳамватанонро бо Рӯзи парчами давлатӣ шодбош мегӯям”, - навиштааст Сангинов дар пайи пирӯзӣ.

Қабл аз рақобат муштзани тоҷик дар саҳифааш дар Instagram навишта буд, ки вазнаш хуб буда, омода аст, барои парчам, Ватан ва халқ ҷон диҳад.  “I love you Tajikistan”, - навишта буд Сангинов.

То ҳол ин муштзани тоҷик 8 сабқатро бо пирӯзӣ ва як зӯрозмоиро мусовӣ анҷом додааст.

Мусобиқаи "TJ Fight Nights" дар майдони Big Punch Arena дар Тихуани Мексика баргузор шуда, дар маҷмуъ дар доираи ин чорабинӣ 15 зӯрозмоӣ баргузор гардид.  

Соли гузашта Меҳрубон Сангинов бо тими амрикоии The Money Team (TMT), ки ба муштзани машҳур Флойд Майвезер тааллуқ дорад, шартнома ба имзо расонда буд.

Барчаспҳо:
пирӯзӣ, муштзанӣ, варзиш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ