Мунтахаби бонувони Тоҷикистон тими Афғонистонро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст доданд

Обуна шудан
Тими занони зери 23 - солаи Тоҷикистон мунтахаби бонувони афғонистонро голборон намуда, бо ҳисоби калони 5:1 онҳоро шикаст доданд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Бозии дирӯзаи футбол барои мунтахаби занони Тоҷикистон бо пирӯзии калон анҷомид.

Женская юниорская сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Шикасти дастаи Тоҷикистон: бонувони Эрон ба дарвозаи Тоҷикистон 4 голи беҷавоб заданд

Бар хабари сомонаи "Варзиш", рӯзи 25 - уми ноябр дар доираи рақобатҳои даври сеюми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ  мунтахабҳои бонувони то 23-солаи Тоҷикистон ва Афғонистон рақобат намуданд.

Капитани тими миллии Тоҷикистон ба дастаи хориҷӣ гузашт

Рақобати дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5:1 ба суди занони футболбози тоҷик хотима ёфт.

Ҳамзамон, дар рақобати дигари даври мазкур тими Эрон дастаи Қирғизистонро бо натиҷаи бузурги 6:0 дучори шикаст намуд. Баъди ин пирӯзӣ мунтахаби занони Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз ба зинаи 3-юми ҷадвал роҳ ёфтанд.

Бурду бохт бари ҳаманд: Тошев гуфт, аз бозӣ ва бачаҳо розист–видео

Бояд зикр намуд, ки мусобиқа то 28 - уми ноябр доир мегардад ва давоми панҷ рӯз 6 даста аз Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон 18 бозӣ анҷом медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0