Рақобати деринтизор: Замон ва макони муҳорибаи Нурмуҳаммедов ва Фергюсон маълум шуд

© AP / John LocherПрезидент UFC Дана Уайт стоит между бойцами Тони Фергюсоном и Хабибом Нурмагомедовым. Архивное фото
Президент UFC Дана Уайт стоит между бойцами Тони Фергюсоном и Хабибом Нурмагомедовым. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран маълум гардид, ки ду размикори варзидаи муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Тонӣ Фергюсон дар куҷо рақобат мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Интизор меравад, рақобати қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва ҳамтои амрикоии ӯ Тони Фергюсон рӯзи 18 - уми апрели соли 2020 дар шаҳри Ню -Йорк баргузор гардад.

Дар ин бора менеҷери қаҳрамони ҷаҳон, Алӣ Абдул - Азиз дар сафҳаи Twitter хабар додаст.

Алӣ Абдул - Азиз нусхаи созишнома бо имзои Ҳабибро дар сафҳаи худ бознашр намудаст.

"Рафтем. Санади рақобати ду размикор Ҳабиб ва Тонӣ ба имзо расид. Қаҳрамон ин санаро бисёр интизор буд ва акнун ба мақсади худ  расид. Уқоб бори дигар дар Бруклин ба хотири ҳаводорони худ фуруд меояд", - навиштааст ӯ.

Зимнан раҳбари UFC Дана Уайт хабар додаст, ки муҳорибаи деринтизор дар толори Barclays Center  дар шаҳри  Ню-Йорке баргузор мегардад.

Ҳабиб дар бораи ғизоҳои Узбакистон ва рақобати бародараш-видео

Ёдрас мешавем, ки Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори шинохтаи доғистонӣ дар Абу-Дабӣ шаби 7 - уми сентябр бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод ва камарбанди қаҳрамонии худро барои маротибаи дуввум ҳифз кард.

Лентаи хабарҳо
0