01:13 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Боец клуба Ахмат Нурулло Алиев

Нигаронии муштзани тоҷик аз таъхири паёпайи муҳорибаи ӯ дар GFC барои камарбанд

Facebook / Fight Club Akhmat
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
456 0 0

Мубориза барои соҳиб шудан ба унвони қаҳрамони GFC дар вазни сабук барои маротибаи чанд мавқуф гузошта мешавад. Ин таъхиркорӣ боиси норизогии муштзани тоҷик гардидааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik.Размикори тоҷик Нурулло Алиев дар сафҳаи Instagram аз лағви дигарбораи муҳорибаи ӯ дар GFC барои камарбанди қаҳрамонӣ изҳори нигаронӣ намудааст.

Варзишгари тоҷик дар сафҳаи худ навиштааст, ки эҳтимол ин навбат ҳам муҳориба ӯро ба таъхир гузоранд.

Нурулло Алиев мебоист бо ҳамтои қазоқи худ барои соҳиб шудан ба унвони қаҳрамони GFC вориди набард шавад, вале замон ва макони муҳорибаи ӯ пайваста тағйир меёбад.

Рақиби ӯ Куат Ҳамитов маъруф ба "Найман" размикори хеле моҳир буда, 26 муҳорибаро паси сар намудаст.

Қаблан хабар дода шуд, ки муҳорибаи ин ду размикор санаи 6 - уми декабр дар Самара баргузор мешавад, вале сипас замони набарди онҳоро ба 13 - уми декабр  ва дар шаҳри Краснодар тағйир доданд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Ассалам алейкум Хочу уделить несколько минут насчет моего боя. За титул чемпиона GFC в легком весе, который должен был состояться 13 декабря в Краснодаре. Во первых хочу отметить, что я принял этот бой, только из за того что Куат достойный соперник, хотя по правилам GFC он не заслужил боя за титул. Слава АЛЛАХУ без каких либо травм , я последние пару месяцев упорно тренировался, готовился к этому бою. И не за долго до турнира. Руководство лиги GFC и команда Куата. КООРДИНАЛЬНО поменяли условия нашего боя. Это даже не условия а УЛТИМАТУМ, по которому я ОБЯЗАН поменять дату боя с 13 декабря в Краснодаре на 25 декабря в Казахстане. Как мы все прекрасно знаем, в Казахтане судьи не особо отличаются справедливостью. В связи с этим хочу ОФИЦИАЛЬНО заявить, что я не собираюсь становиться ПЕШКОЙ в чьей то тщательно запланированной игре, где итог заранее уже ОПРЕДЕЛЕН. По Воле Аллаха я готов защитить свой титул после нового года. А точнее Усман Нурмагомедов или Анвар Черкесов. Если Лига GFC считает себя серьезной организацией, пусть поступает по справедливости. А если нет , тогда для меня это лига отныне не существует. РАХМАТ БАРОДАРО БАРОИ ДАСТГИРИТОН #никто #безбоя #неостанется

Публикация от Nurullo.Aliev🦅 (@nurullo_aliev)

Аммо, вақте ин навбат ҳам муҳорибаи онҳо аз 13 - уми декабр ба 25 -уми декабр дар шаҳри Алмато иваз шуд, онгоҳ нигаронии размикори тоҷик ҳадду канор надошт.

"Чанде қабл аз мусобиқаи деринтизор, роҳбарияти Лигаи GFC ва дастаи Қуат шароити рақобатро комилан иваз карданд. Онҳо аз ман талаб доранд, то вақти муҳорибаро аз 13 - уми декабр дар Краснодар ба 25 -уми декабр дар Қазоқистон иваз кунам. Вале мо хуб медонем, ки дар Қазоқистон доварон он қадар одилона нестанд", - афзудааст Алиев дар сафҳаи худ.

Зимнан, рақиби ӯ Куат Ҳамитов дар ҷавоб ба нигаронии Алиев дар сафҳаи Instagram - и худ навиштааст, ки " хавотир мабош, агар фикр мекунӣ доварони қазоқ дар ин муҳориба маро ҷонибдорӣ мекунанд, хато мекунӣ. Чун агар онҳо тарафдори ман мешуданд, ман дар муҳорибаҳое, ки дар Қазоқистон доир мешуданд, мағлуб намегардидам".

Гузашта аз ин Ҳамитов илова намудаст, ки ба хотири баргузор шудани ин рақобат, омодааст ба Тоҷикистон ҳам равад.

Барчаспҳо:
нигаронӣ, муҳориба, тоҷик, размикор

Мавзӯъҳои асосӣ