Хуршед Маҷидов аз мусобиқаи Ҷоми Осиё ба Ватан бо медали биринҷӣ бармегардад

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ик варзишгари тоҷик Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали биринҷӣ шуд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Хуршед Маҷидов аз мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо ба Ватан бо медали биринҷӣ бармегардад.

Тибқи иттилои манбаъ мусобиқаи мазкур аз  30 ноябр то 1 декабр дар Гонг Конг бо иштироки 163 нафар варзишгарон аз 30 давлати дунё баргузор гардид.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа  ду варзишгар: Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни -100 кг намояндагӣ карданд.

Хуршед Маҷидов дар даври аввал аз Даниел Дичеви булғористонӣ, ки ғолиби вазни -100 кг гардид, мағлуб шуда, барои ҷои сеюм дар қувваозмоӣ варзишгари Чехия Радек Ҳеклро шикаст дод.

Медали нуқраро варзишгари Муғулистон Хангал Одбаатар ба даст овард.

Хайёмиддин Ҷабборов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар варзишгари мизбон Чо Фунг Леунг ва дар чорякфинал бар варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболд пирӯз гардида, ба нимфинал роҳ ёфт.

Ӯ дар нимфинал аз намояндаи Русия Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки ғолиби вазни -73кг гардид, шикаст хӯрд.

Лентаи хабарҳо
0