Парванда алайҳи Месси: ӯ пас аз барандаи "Тӯби тиллоӣ" шудан дар қаллобӣ муттаҳам мешавад

© Sputnik / Мария Плотникова / Гузариш ба медиабонкФутбол. Чемпионат мира - 2014. Финальный матч. Германия - Аргентина
Футбол. Чемпионат мира - 2014. Финальный матч. Германия - Аргентина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лионел Месси ҳамроҳи падар, бародар ва атрофиёнаш дар қаллобӣ, ҷиноятҳои андоз ва ҳисобдорӣ муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ҳамлагари аргентинии бошгоҳи "Барселона" Мессиро ҳамакнун пас аз ба даст овардани ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"дар қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад, хабар медиҳад сомонаи АБС.

Футболист Лионель Месси с трофеем на церемонии вручения наград ФИФА  в Италии  - Sputnik Тоҷикистон
Расман: Месси барандаи ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" - 2019 гардид

Бар хабари манбаъ, Лео ва атрофиёни ӯ дар қаллобӣ нисбати фонде, ки сарпарастии онро бар уҳда дорад, гунаҳкор дониста мешавад.

Месси беҳтарин футболбози ҷаҳон шинохта шуд

Гуфта мешавад, дар қиболи Месси аллакай  парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Манбаъ меафзояд, додситон Мария Тардон парвандаи ҷиноиро нисбати фонди хайриявии ҳамлагари “Барселона” Лионел Месси оғоз намудаст.

Барои бозпурсӣ шоҳид Федерико Реттори, ки солҳои 2012-2015 дар ин фонд фаъолият мекард даъват шудааст. Ӯ Месси, падару бародар ва атрофиёнашро дар қаллобӣ, ҷиноятҳои андоз ва ҳисобдорӣ айбдор мекунад.

Мессиро муҷозот ва 1,5 ҳазор доллар ҷарима бастанд

Тибқи шикоят даромади ин фонд, ки дар ибтидо бояд ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ равона мешуд, ба ҷои он ба намудҳои дигари фаъолиятҳои хусусӣ, равона карда шудааст.

Фонди Месси инчунин бо имзои шартнома бо сарпарастони хориҷӣ, ки дар сурати маблағҳои хайрия маблағ ҷамъоварӣ мекунанд, аз андозҳо саркашӣ кардааст. Бо шарофати ин, ба ин фонд тақрибан 10 миллион евро расидааст.

Лентаи хабарҳо
0